today is a

ساخت وبلاگ

Шарҳҳоро бинед

Алимурод Валиев, як сокини 42-солаи вилояти Хатлон, ки шаш моҳи пеш пизишкони Русия ва Ҳинд маргашро пешгӯи карда буданд, рӯзи 28-уми август аз дунё даргузашт. Пешгӯи пизишкон ба воқеият пайваст, вале то охирин лаҳза наздиконаш ба ӯ гуфта натавонистанд, ки аз умраш рӯзҳои камшуморе боқӣ мондааст.

Табибон тибқи Кодекси нави тандурустии Тоҷикистон, ҳақ надоранд, ки хабари бемории лоилоҷро ба мариз расонанд ва ин масъулиятро бар дӯши пайвандони ӯ вогузор мекунанд. Тоҳир Валиев, бародари ӯ рӯзи 30-уми август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки то охирин лаҳза ба шифо ёфтани бародараш бовар доштанд. Табибони Русия, Ҳинд хулоса дода буданд, ки “бемор табобатнашаванда ҳаст.” Ин мард гирифтори бемории саратони рӯда буд.

Дар аксар кишварҳои дунё табибон воқеияти вазъи беморро аз ӯ пинҳон намекунанд ва ба бемор имкон медиҳанд, ки охирин рӯзҳои зиндагиашро бо хости дили худаш гузаронад ва ба наздиконаш васият кунад.

"Духтурон фақат ним моҳ хато пешгӯӣ карданд. Гуфта буданд, ки то аввали моҳи август тамом мекунад. Моҳи август қариб тамом шуд ва вазъияти бемор хуб шуд. Мо гуфтем, ки табибон дурӯғ гуфтаанд. Як ҳафта пеш аз маргаш моро ҳайрон кард. Гап заданаш хуб шуд ва баданаш доруҳоро қабул мекард",-афзуд ӯ.

Ин мард аз ду сол ба ин тараф ба муолиҷа фаро гирифта шуда буд, вале шаш моҳи пеш хулосаи табибон, ки дигар табобат намешавад, дили наздиконашро сард кард ва ӯро ба назди фарзандонаш бурданд. Бо ин вуҷуд, Тоҳир Валиев гуфт, ки онҳо интизори мӯъҷиза буданд. Мӯъҷизае, ки рух надода ва хонаводаи ӯро дар ғам нишонд. Аз ин мард чор фарзанд ятим мондааст.

Моҳи майи соли равон дар пайи тағйири Кодекси тандурустӣ, ки ба табибон иҷоза намедиҳад, «табобатнашаванда» будани беморро бигӯяд, Радиои Озодӣ дар бораи ин мард гузориш карда буд. Тоҳир Валиев бародари ӯ он замон гуфта буд, ки дар ростои гирифтани як тасмими мушкил қарор гирифтанд, ки чӣ тавр ба ин марди ҷавон бигӯянд, умраш дароз нест ва ба фарзандонаш васият кунад.

Мушкил дар ин аст, ки бародараш ду манзили зист, дар бонк депозит ва ҳамзамон болои чанде аз дӯстонаш қарз дорад. Ӯ гуфт, дар ҳоле онҳо натавонистанд ба ӯ сабаби маргашро бигӯянд, ки худаш ба ин бовар надорад. Ӯ он замон гуфт: "худаш тамоман бовар надорад, ки дар пушташ чунин гап ҳаст. Ҳар вақте ишора кунем, ки болои кӣ чанд пул қарз дорӣ ва кадом хонаро ба кадом фарзандат медиҳӣ, мегӯяд, сабр кунед, аз бистарӣ беморӣ боло шудам, худам ҳама корро ҳал мекунам. Метарсам, ки агар худаш ин корҳоро накунад, пас аз сараш, зану фарзандаш азоб мекашанд."

Чолиши ҷиддие, ки Валиев дар ростои он қарор дорад, танҳо хоси хонаводаи ӯ нест. Бисёр хонаводаҳо бо шумули рӯҳониён дар чунин мавридҳо беморро таскин медиҳанд, ки ҷонро Худо медиҳад ва ҷонситон низ Худост. Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сардори шӯъбаи фатвои Шӯрои уламои Тоҷикистон, рӯзи 18-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз нигоҳи ислом пешгӯии марги як нафар дуруст нест, аммо аз сӯи дигар ба гуфтаи ӯ, бояд инсон ҳамеша ба марг омода бошад.

Ҷамолиддин Хомӯшӣ.

"Аз нигоҳи дин, инсон дар рӯи замин муввақат аст ва бояд ба марг омода бошад, вале ислом расонидани чунин хабар ва озурдани хотири як инсонро манъ мекунад. Бисёр мавридҳое ҳаст, ки як инсон дар беморхона дар ҳолати вазнин қарор дорад, вале инсонҳои сиҳат мефавтанд", - афзуд ӯ.

“Бемории шумо табобат надорад” - қатъиян манъ аст

Табибон аз рӯи қонун ҳақ надоранд, хабари бемории лоилоҷро ба мариз расонанд. Ахиран порлумони кишвар Кодекси тандурустиро қабул кард, ки бар асоси он табибон ҳақ надоранд, беморро аз марги ногузир бохабар кунанд. Саломиддин Юсуфӣ, масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 18-уми май ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки дар Кодекси тандурустӣ ба ин нукта ишора шудааст ва агар табибони тоҷик ба бемор бигӯянд, ки маризии ӯ табобат надорад, муҷозот хоҳад шуд.

"Пизишк ҳақ надорад, беморро ноумед кунад ва ба раванди табобати ӯ халал расонад. Табиб бояд то охирин лаҳза вазифаашро содиқона иҷро намояд ва ангезаи зистанро дар бемор афзоиш диҳад. Хонавода бояд аз воқеияти ҳол бохабар бошад, аммо на бемор",-гуфт Саломиддин Юсуфӣ.

Дар аксар кишварҳои дунё табибон воқеияти вазъи беморро аз ӯ пинҳон намекунанд ва ба бемор имкон медиҳанд, ки охирин рӯзҳои зиндагиашро бо хости дили худаш гузаронад, ба наздиконаш васият кунад, ногуфтаҳояшро бигӯяд ва қарзҳояшро соф кунад.

Ҳусейн Раҳмонов, пизишки собиқадори тоҷик, мегӯяд, "мо дар таҷрибаи кориамон ба бемор нагуфтаем, вале ба пайвандони наздикаш ҳатман вазъро шарҳ медиҳем. Гуфтани воқеият ба салоҳияти худи онҳост. Хоҳанд, мегӯянд, нахоҳанд, намегӯянд. Мо танҳо аз рӯи ташхисҳо хулосаи худро мегӯем ва барои шифо ёфтани бемор тамоми талошро мекунем. Дар таҷриба мушоҳида кардаем, ки баъзан калонҳои хонавода ё домуллои маҳалла ба бемор воқеиятро мегӯянд. Аммо чунин мавридҳо хеле каманд."

Ба гуфтаи ин табиби тоҷик, шояд дар кишварҳои ғарбӣ ба бемор гуфтани воқеияти ҳолати ӯ ба ин хотир бошад, ки тақсимоти мерос, молу мулк ба имзо ё розигии бемор вобаста аст. Аммо дар фарҳанги мардуми тоҷик ин ҳолатҳо то андозае фарқ мекунанд.

android...
ما را در سایت android دنبال می کنید

برچسب : نویسنده : dsaboori13 بازدید : 290 تاريخ : سه شنبه 14 شهريور 1396 ساعت: 21:37